Ссылки доступа

Алишер Усмонов - олигархи ӯзбек саҳмашро дар "Арсенал" мефурӯшад


Алишер Усмонов, олигархи ӯзбектабори Русия розӣ шуд, ки 30 дарсади саҳмашро дар бошгоҳи футболи "Арсенал"-и Англия фурӯшад.

Саҳми Усмоновро сарватманди амрикоӣ Стэн Кронке мехарад. Кронке то кунун 67% саҳмиями "Арсенал"-ро дар ихтиёр дошт. Кронке гуфт, ҷамъоварии саҳмияҳои бошгоҳи "Арсенал" дар ихтиёри як нафар, имкон медиҳад, ки бошгоҳ хуб идора карда шавад.

Усмонов, ки ба навиштаи маҷаллаи Forbes, $12,5 млрд сарват дорад, дар рӯйхати доротарин соҳибкорони Русия мақоми 10-умро соҳиб аст. Вай соли 2007 бори аввал 14,5% саҳмияи "Арсенал"-ро аз Дэвид Дейн харидорӣ кард. Усмонов соли 2016 саҳмияҳои Фарҳод Мошириро ҳам харидорӣ кард.

Коршиносон арзиши "Арсенал"-ро 2,3 миллиард доллар арзёбӣ мекунанд. Аммо Усмонов аз фурӯши саҳмаш чи қадар даромад мекунад, дақиқ нест. Ба навиштаи расонаҳо, саҳмияи Усмонов тақрибан 711 млн доллар арзиш дорад. Кронке барои харидани саҳми Усмонов мехоҳад, аз Deutsche Bank қарз бигирад.

Эҳтимол меравад, Алишер Усмонов ҳам мисли Роман Абрамович, олигархи дигари Русия шомили таҳримҳои ИМА шавад. Оё фуруши саҳмияҳои "Арсенал" ба таҳдиди таҳримҳои ИМА рабт дорад ё на, намояндагони Усмонов дар ҳоли ҳозир шарҳ намедиҳанд.

XS
SM
MD
LG