Ссылки доступа

Шарти қабул ба ятимхонаҳо. Санад биёред, ки ятим ҳастанд


Гулсум, зани танҳои 40-сола аз ноҳияи Кушониён, ки дар хонаи падар зиндагӣ мекунад, аз ноилоҷӣ ду фарзандашро ба ятимхонаи Ҷалолиддини Балхӣ чанд сол пеш супурд, то онҷо тарбият бигиранд.

Ҳоло ду фарзанди ноболиғаш барои таътили тобистона ба хонаи бобо омадаанд, вале мумкин аст, дигар инҷо бимонанд, чун ба Гулсум аз ятимхона занг зада гуфтаанд, ки дигар фарзандонашро ба ятимхона наорад, чун оилааш ниёзманд нест.

"Аз ятимхона гуфтанд, ки кӯдакҳоро баред. Ба куҷо бурданамро намедонам, онҳо онҷо зиндагӣ мекарданд ва мехонданд, худам дар хонаи волидайнам ҳастам. Ба ман гуфтанд, ки фармон шудааст, ки бояд фақат ниёзмандон бошанд"- гуфт, ӯ.

Сафар Давлат аз идораи маорифи вилояти Хатлон рӯзи 8-уми август гуфт, ки бар асоси низомномаи нави фаъолияти ятимхонаҳо аз соли 2017 фақат онҳое барои тарбият дар ятимхонаҳо қабул мешаванд, ки дар воқеъ ятим ва бепарастор ҳастанд.

"Гуфтагӣ аст, ки кӯдакони ятиму нимаятимро бояд ҷалб кунад. Касоне, ки бепарастор ҳастанд, бояд қарори додгоҳ бошад, ки бепарастор ҳастанд. Тибқи қарори додгоҳ, онҳоро ба таълим фаро мегиранд, агар ятим гуфта шудаанд ва бепадарии ё бемодарияшон тасдиқ нашудааст, роҳ дода намешаванд" – гуфт, ӯ.

Сафар Давлат гуфт, қарор дар бораи саххтар шудани шароити қабул ба ятимхонаҳо саривақтист, чун баъзе аз волидон, ки шароит дошта бошанд ҳам тарбияи фарзандонашонро ба ихтиёри давлат мегузоштанд.

Раҷаб Шокиров, мудири ятимхонаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ гуфт, ки аз 254 нафар тарбиятгирандаи ятимхона 113 нафари онҳо бояд муассисаро тарк кунанд. Дар 18 ятимхонаи Хатлон 3896 кӯдак дар синфҳои аз 1 то 11 таҳсил мекунад.

Дар саросари кишвар 77 ятимхона вуҷуд дорад ва бештар аз 46 ҳазор ятим сабти ном шудаанд. Зиёдтар шудани харҷ барои ятимхонаҳо зоҳиран ҳукуматро маҷбур кардааст, ки кӯдаконеро, ки падар ё модар доранд, ба наздашон баргардонад.

XS
SM
MD
LG