Ссылки доступа

Ронандаи тоҷик ҳамёну ҳуҷҷатҳои сайёҳи амрикоиро баргардонд


Як ҷавоне, ки мегӯяд баъд аз ҳодисаи ҳамла ва кушта шудани сайёҳони хориҷӣ дар Данғара нороҳату хиҷолатзада буд, шаби гузашта тавонист бо як кори хайри худ эҳсоси роҳат кунад.

Муҳаммад Изатуллоеви 23-сола, ки ронандаи таксӣ дар маркази пойтахт аст, гуфт, вақте ҳамён ва ҳуҷҷатҳои фаромӯшкардаи як сайёҳи амрикоиро аз дохили мошинаш пайдо ва ба ӯ баргардонанд, худро то андозае роҳат ҳис кард. Ӯ гуфт, хост бо ин кораш нишон диҳад, ки тоҷикон ҳамеша меҳмоннавоз боқӣ мондаанд.

Муҳаммад мегӯяд, "ростӣ, ҳеҷ гоҳ бовар надоштам, метавонам барои як шаҳрванди амрикоӣ, ки барои меҳмонӣ ба Тоҷикистон омадааст, кӯмак карда метавонам."

Муҳаммад мегӯяд, рӯзи 8-уми август шаҳрванди Амрико Матю Пушелро, ки ҳамроҳи ҳамсар ва кӯдаки хурдсолаш барои саёҳат ба Тоҷикистон омада буд, бо мошинаш ба ҷойи дилхоҳи онҳо бурд. Аммо сайёҳони хориҷӣ тамоми ҳуҷҷатҳояшон дар дохили мошин фаромӯш кардаанд.

"Вақте хостам ба хона равам, дидам, ки дар даруни мошин чанд ҳуҷҷат, ҳамён дар дохилаш пул дошт. Ба модарам ҳодисаро гуфтам, модарам ба ман гуфтанд, бояд ба ҷое, ки мусофиронро фаровардам, рафта, онҳоро пайдо кунам ва ҳуҷҷатҳоро ба онҳо баргардонам. Аммо ман дар ҷое, ки онҳо фаромада буданд, касеро пайдо накардам. Баъдан ба шаҳри бехатар рафтам",- афзуд ӯ.

Ин ҷавон мегӯяд, аллакай дар ин муддат сайёҳ ба вазорати корҳои дохилӣ муроҷиат карда, барои пайдо кардани ҳуҷатҳояш кӯмак хостааст. Муҳаммад мегӯяд, тамоми ҳуҷҷат ва ҳамёнро ба сайёҳи Амрико Матю Пушел супорид ва ӯро сайёҳи амрикоӣ бо изҳори минатдорӣ сахт ба оғӯш кашид. Эҳсосе, ки ба гуфтаи Муҳаммад, ашкро ҳам аз чашмони сайёҳ ва ҳам аз чашмони ӯ беихтиёр ҷорӣ кард.

Матю Пушел дар сӯҳбат бо пулис ва онҳое, ки барояш кӯмак кардаанд, гуфтааст, "ин хатогии худам буд, ки ҳамён ва ҳуҷҷатҳоямро дар таксӣ фаромӯш кардам ва ҳеҷ боварӣ надоштам, ки онҳоро меёбам. Вале бо кӯмаку дастгирии кормандони полиси сайёҳӣ онҳоро дар муддати 20 дақиқа ёфтам. Бовар мекунед, вақте, ки онҳоро ба ман баргардониданд, ман аз хурсандӣ ашк рехтам, чунки гум кардани онҳо барои ман як ҳодисаи ногаҳонӣ буд, зеро ман бо аҳли оилаам пагоҳ бояд ба Амрико баргардем. Мо барои сафар чипта харида, омодагӣ мегирифтем".

XS
SM
MD
LG