Ссылки доступа

Сармуҳаррири TUT.BY истифодаи ғайриқонунии обунаи БелТА-ро эътироф кард


Сармуҳаррири сомонаи белорусии TUT.BY Марина Золотова эътироф кард, ки рӯзноманигорони ӯ аз обунаи пулакии хабаргузории расмии БелТА ғайриқонунӣ истифода мекарданд. Дар ин бора Кумитаи тафтишотии Белорус иттилоъ дод.

Муфаттишон ҳамчунин тасмим гирифтанд, шахсони дигареро, ки дар доираи парвандаи БелТА боздошт шуда буданд, озод кунанд. TUT.BY хабар дод, ки сармуҳаррирон аз бинои Кумитаи тафтишотӣ берун мешаванд.

Хабаргузории БелаПАН шаби 9 август хабар дод, ки сармуҳаррири он Ирина Левшинаро ба боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Минск бурданд. 9 август ҳамчунин манзили ӯро бозҷӯӣ карданд.

7 август коргоҳи БелаПАН ва сомонаи хабарии мустақили TUT.BY бозҷӯӣ шуданд. Худи ҳамон рӯз чанд рӯзноманигори расонаҳо боздошт ва се рӯз ҳабс шуданд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи байналмилалӣ ва Белорус амали мақомотро нақзи озодии баён номиданд.

XS
SM
MD
LG