Ссылки доступа

Шоир Ормуков додситони кулли пешини Қирғизистонро ба додгоҳ кашид


Фаъоли маданӣ ва шоир Темирлан Ормуков зидди додситони кулли пешини Қирғизистон Индира Ҷолдубоева ба додгоҳ шикоят бурд.

Ормуокв аз додгоҳ хост, амали додситони кулли пешинро ғайриқонунӣ эътироф кунад. Шоир аз Ҷолдубоева 50 ҳазор сом (ҳудуди 750 доллар) ҷуброн талаб дошта, ҳамчунин мегӯяд, додситони кулли пешин бояд харҷи додгоҳро пардозад.

Темирлан Ормуков гуфт, бо забони русӣ ташкихис шудани шеъри "Ажонун ооруп жүрөгү"-ӯ, ки бо забони қирғизӣ навишта шудааст, нодуруст буд. Ба гуфтаи шоир, муфаттишон ба ӯ фишор оварданд ва дар ин бобат Ҷолдубоева ҷавобгар аст.

Ин шоири қирғизро моҳи декабри соли 2016 ба Додситонии кул даъват ва бозпурсӣ карданд. Темирлан Ормуков дар Фейсбук шеъри "Қалби роҳбар ба дард омад"-ро нашр ва президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоевро танқид карда убд.

Оормуков он замон гуфт, шеърҳои ӯро аз ташхиси филологӣ гузарониданд. Се нукта ташхис шудааст: оё дар ин шеърҳо паст задани шаъну шараф ва эътибори президент, туҳмат, аломатҳои барангехтани низоъи байниминтақавӣ ва байналмилалӣ вуҷуд дорад ё не. Вале парвандаи ҷиноӣ боз нашуд.

XS
SM
MD
LG