Ссылки доступа

Дар Қазоқистон волидони хонандагони сатрпӯшро ҷарима карданд


Дар шаҳри Чимкенти Қазоқистон волидони 22 хонандае ҷарима шуданд, ки бо либоси мазҳабӣ ба мактаб мерафтанд. Дар ин бора Жанар Алтаева, як масъули Департаменти маорифи Чимкент хабар дод.

Ба гуфтаи вай, соли таҳсили гузашта 148 хонанда бо либоси мазҳабӣ ба дарс ҳозир шудаанд.

Ба иттилои ин ниҳод, дар робита ба "вайрон кардани меъёри кодекси маъмурии бахши маориф, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш", волидони 22 хонанда ҷарима ва 7 тани дигар огоҳӣ гирифтанд. Ба гуфтаи Алтаева, волидони чаҳор хонандаи дигар розӣ шуданд, ки духтаронашонро бе рӯймол ба таҳсил иҷозат диҳанд. Волидони 89 хонандаи дигар аз иҷрои талаботи маъмурияти мактаб сарпечӣ кардаанд.

Нашри фармон "Дар бораи тасдиқи талаботи либоси ҳатмии мактабӣ" дар моҳи январи соли 2016, боиси баҳси волидон бо роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти вилоятҳои Оқтеппа, Қазоқистони Ғарбӣ, Мангистау ва Қазоқистони Ҷанубӣ шуд. Духтарони ҳиҷобпӯш розӣ нашуданд, ки бе рӯймол ба дарс раванд. Маъмурияти мактабҳо пойфишорӣ доранд, ки рӯймол ба талаботи либоси ягонаи мактабӣ ҷавобгӯ нест.

Даҳҳо волидоне, ки бо ин талаботи мактаб розӣ набуданд, ба додгоҳ муроҷиат карданд. Додгоҳҳо аз мавқеи вазорати маориф ҳимоят карданд.

XS
SM
MD
LG