Ссылки доступа

Таҳдид ба намозгузорони Ӯзбекистон: 1 миллион сӯм ҷамъ наоред, масҷидатон баста мешавад


Масъулони масҷиди "Яргунчӣ" дар вилояти Қашқадарёи Ӯзбекистон вазифадор шуданд, ки 1 миллион сӯм ҷамъ оранд. Онҳоро огоҳ карданд, ки дар сурати ҷамъ накардани ин миқдор маблағ масҷидашон баста хоҳад шуд.

Пушти дари масҷиди мазкур навишта шудааст, ки: "Агар дар суратҳисоби масҷид 1 миллион сӯм (наздики 128 доллар) садақа гузаронида нашавад, масҷид баста хоҳад шуд".

Бурҳон Пардаев, имоми масҷиди "Яргунчӣ" дурустии эълонро тасдиқ кард. Вай гуфт, маоши ходимони масҷид аз ҳисоби садақаи намозгузорон пардохт мешавад. Ба гуфтаи Пардаев, мақомоти вилояти Қашқадарё баъди он ки садақоти мардум кам шуд, чунин эълонро пушти дари масҷид насб карданд.

Ба гуфтаи имом, баъди насби эълон ҳаҷми садақа афзудааст. "Ин эълон натиҷа дод. Ҳоло як миллион сӯм ҷамъ нашуда бошад ҳам, вале намозгузорон кумакрасониро шуруъ карданд", - гуфт Пардаев.

XS
SM
MD
LG