Ссылки доступа

Омодагии ходимони давлатии Туркманистон ба чорабиниҳои Рӯзи истиқлолият


Мақомоти Туркманистон чорабиниҳои оммавии омодагӣ ба ҷашни Рӯзи истиқлолиятро шуруъ карданд. Чорабиниҳои омодагӣ дар ҳавои сӯзони 45-дараҷаи шаҳри Ишқобод баргрузор мешаванд.

Рӯзи истиқлолияти Туркманистон имсол бори аввал 27 сентябр таҷлил мешавад. То ин муддат, давоми 26 сол, истиқлолиятро дар Туркманистон 27 октябр таҷлил мекарданд.

Дар робита ба наздик овардани санаи таҷлил чорабиниҳои омодагӣ ҳам як моҳ пеш оварда шуданд. Мисли солҳои қаблӣ, кормандони бахши давлатӣ ба чорабиниҳои омодагӣ ҷалб шудаанд.

Ба иттилои кормандони ниҳодҳои давлатӣ, онҳо вазифадоранд, ки чаҳоршанбеҳо ва якшанбеҳо баъди соати 15-00 ба варзишгоҳи "Дагдан" ҳозир шаванд. Маршировка ё чорабиниҳои омодагӣ соати 16 шуруъ ва то саоти 18-00 ё 19-00 идома мекунад.

Соли гузашта дар робита ба чорабиниҳои омодагӣ ба таҷлили истиқлолият фаъолияти чанде аз бонкҳо, муассисаҳои тиббӣ ва чанд ниҳоди дигари давлатӣ қатъ шуда буд.

XS
SM
MD
LG