Ссылки доступа

Радиои Озодӣ таъқиби рӯзноманигоронро дар Туркманистон маҳкум кард


Радиои Аврупои Озод / Радиои Озодӣ аз қарори Кумитаи ҳуқуқи башари СММ ҳимоят кард, ки ҳукумати Туркманистонро дар марги Огулсапар Муродова масъул дониста буд.

Ин тасмим дар пешорӯи идомаи таъқиби хабарнигорони Радиои Озодӣ дар Туркманистон хеле муҳим аст, гуфт президенти радио Том Кент.

"Мо аз қарори СММ, ки хулосаи созмонҳои ҳомии ҳуқуқро тасдиқ менамояд, истиқбол мекунем. Марги Огулсапар Муродова ҷинояти дорои ангезаҳои сиёсиест, ки аз тарафи ҳукумати Туркманистон ба далели фаъолиятҳои ҳуқуқии рӯзноманигор анҷом шудааст", - изҳор дошт Кент.

Президенти Радиои Озодӣ афзуд, ки рӯзноманигорони туркман, аз ҷумла Солтан Ачилова, Сапармамад Непескулиев, Равшан Язмухамедов ва Худойбердӣ Аллашов ҳанӯз ҳам ба монанди солҳои пешин аз сӯи мақомот барои фаъолиятҳои касбиашон таъқиб мешаванд. Кент аз Ишқобод даъват кард, ки таъқиби рӯзноманигоронро қатъ кунанд.

Муродова миёнаҳои моҳи июни он сол ҳамроҳи бародараш Аннадурдӣ Хоҷиев ва фаъоли маданӣ Аннақурбон Амонқличев боздошт ва дертар дар зиндон даргузашт. Сабабҳои марги ӯ ва ҳатто зиндоне, ки дар он нигаҳдорӣ мешуд, маълум нест.

Маъмурони Хадамоти амнияти Туркманистон 14 сентябр ба наздикони Муродова танҳо хабар доданд, ки вай дар зиндон даргузаштааст. Бунёди турмкании Ҳелсинкӣ он замон бо истинод ба фарзандони Муродова хабар дод, ки сари рӯзноманигор "захми бузург"-е дошт.

Ба Кумитаи ҳуқуқи инсон ҳуқуқшиносони Ташаббуси ҳуқуқии ҷомеаи боз аз номи бародари рӯзноманигор Аннадурдӣ Хоҷиев шикоят бурда буданд. Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ 3 август Туркманистонро дар шиканҷа ва марги Огулсапар Муродова масъул донист.

Муродоваи 58-сола ҳаммуассиси созмони ҳуқуқии мустақили "Бунёди туркмании Ҳелсинкӣ" ва хабарнигори Радиои Озодӣ дар Туркманистон буд. Муродова дар нигаҳдории силоҳ айбдор мешуд. Вале худи ӯ ин айбро рад карда буд.

XS
SM
MD
LG