Ссылки доступа

Ҳудуди 100 корманди Бюрои иҷрои иҷбории Ӯзбекистон мавриди ҳамлаи сокинон қарор гирифтанд (видео)


Додситонии кулли Ӯзбекистон бо нашри як гузориш гуфт, 96 корманду нозири Бюрои иҷрои иҷбории ин кишвар дар соли равон мавриди ҳамлаи сокинони қарздор аз пули хадамоти коммуналӣ қарор гирифтаанд.

“Дар робита ба 34 ҳолат бо банди “Муқобилат нишон додан ба корманди давлатӣ” парванда боз шудааст. Ҳамчунин беш аз 20 санади маъмурӣ тартиб дода шуда, парвандаҳои дигар дар ҳоли баррасӣ қарор доранд, - гуфт сардори шуъбаи робита бо ҷомеа ва расонаҳои бюро Фаррух Тошпулодов.

Ба гуфтаи Тошпулодов, нозирони бюро дар бораи муштариёни хашмгини минтақаи зери назорати худ маълумот доранд. "Бинобар ин, дар сурати зарурат амнияти нозиронро кормандони умури дохилӣ таъмин хоҳанд кард", - изҳор дошт вай.

Дар назди Додситонии кулли Ӯзбекистон бар асоси фармони президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев аз 29 майи соли 2017 Бюрои иҷрои иҷборӣ таъсис ёфт. Дар сурати пардохт нашудани пули обу барқ, газ ва хадамоти комуналӣ кормандони бюро ҳақ доранд, аз қарздоронро онро ситонанд.

XS
SM
MD
LG