Ссылки доступа

Хабарнигори Радиои Озодӣ гуруҳи ҷавононро барои озори лафзӣ ба додгоҳ кашид


Нахустин шикоят аз озори лафзӣ ва таҳқири зан дар Душанбе аз сӯйи гурӯҳи ҷавонон дар фурсати кӯтоҳ ба додгоҳ рафт. Шикояти хабарнигори Радиои Озодӣ ба номи вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, ки рӯзи 7 август ироа шуд, ба додгоҳи Исмоили Сомонӣ ирсол гардид.

Шикоят бар асоси моддаи 460-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё майдавбошӣ санҷида мешавад. Афсонаи Акобиршоҳ, хабарнигори Радиои Озодӣ дар аризаи шикоятиаш ба номи вазири умури дохилӣ Рамазон Раҳимзода рӯзи 7-уми август аз таҳқири лафзӣ ва ҳаракатҳои бадахлоқонаи гурӯҳи ҷавононе шикоят кард.

Ба гуфтаи Афсона, субҳи рӯзи 6 август дар роҳ ба кор ҳангоме, ки аз назди бинои Кохи Ваҳдат убур мекард, чанд сохтмончии меҳмонхонаи ҳамшафати бино ба ӯ таҳқиромез гаппартоӣ карданд. Афсона Акобиршоева мегӯяд, нахуст талош кард, рафтори ҷавононро нодида гирад, аммо садои онҳо баландтар шуд ва онҳо бо садоҳои шаҳватбарангез ӯро таҳқиру нороҳат карданд.

Акобиршоева гуфт: “Бо ҳар гуна суханҳои қабеҳ маро таҳқир карданд. Масалан, якеаш мегуфт, “дар таги куртааш чӣ аст?”. Як нафари дигар мегуфт, “фалон ҷояшро фалон кунам”. Вақте ман телефонро бароварда, хостам акс гирам, як нафараш наздиктар шуда, хост шимашро поин кунад ва олоти ҷинсиашро ба ман нишон диҳад”.

Баъд аз ин бо дастури вазир, баррасии қазияи ӯ шурӯъ шуд. Пулис ҷавононро пайдо ва бозпурсӣ кард. Ҳоло қазияи ӯ ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ирсол шудааст.

Як пулиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ рӯзи 8 август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин аввалин шикоят аз сӯи як зан барои гаппартоӣ ва озори лафзӣ мебошад, ки ба дасти онҳо расидааст.

Ба бовари онҳо, эҳтимол баррасии ин қазия дар додгоҳ барои ҷавонони дигар, ки дар хиёбонҳои шаҳр бо дағалгуфторӣ ва бадахлоқӣ нисбати духтарон тартиботи ҷамъиятиро вайрон мекунанд, дарси адаб хоҳад шуд.

Шикояти як зан ба пулис аз болои чанд ҷавон барои алфози қабеҳ ва рафтори ғайриахлоқӣ дар ҳолест, ки дар ин авохир дағалгуфторӣ ва гаппартоии ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам ба як мавзуи доғ табдил ёфтааст.

Моҳи июл гурӯҳе аз бонувони сокини Душанбе дар номае ба унвонии раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ хостори расидагӣ ба масъалаи озори лафзии занон дар кӯчаҳои пойтахт шуданд.

XS
SM
MD
LG