Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон "гуруҳи кумак" ба довталабонро боздошт карданд


Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии Ӯзбекистон аз боздошти як гуруҳе хабар дод, ки ҳангоми супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ ба довталабон бар ивази маблағ кумак мекардаанд.

Фаъолияти гуруҳро баъд аз боздошт шудани яке аз аъзои он бо номи Маъруф Нурмуродов ҳангоми гирифтани 3000 доллар ҳамчун пешпардохт ошкор кардаанд. Ба гуфтаи муфаттишон, гуруҳро Аброр Акрамҷонов ташкил кардааст.

"Акрамҷонов бо ҷустуҷӯи муштариён машғул буд. Авезов писару духтарони боистеъдодеро ҷамъ мекард, ки ба ҷои дигарон тестҳоро пур мекарданд. Агар яке аз онҳо ба муштарӣ каме монанд мешуд, ба ҷои ӯ имтиҳонро месупоридааст", - омадааст дар иттилоия.

Ҳангоми бозҷӯӣ аз манзили муваққати Нурмуродов, Эргашев ва Авезов ҳамчун далелҳои шайъӣ 23 шиноснома, 13 варақаи бақайдгирӣ ва ду рӯйхати довталабон пайдо кардаанд.

Зидди аъзои гуруҳ бо бандҳои "Қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон", "Шарикӣ дар ҷиноят" ва "Додани порра" парванда боз шудааст.

XS
SM
MD
LG