Ссылки доступа

Шикояти волидон аз таҳқири наваскарон дар артиши Қирғизистон


Раҳбари бунёди ҷамъиятии "Килим шамӣ" Азиза Абдирасулова аз президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков даъват кард, то ба ҳолатҳои таҳқири сарбозон дар артиши ин кишвар таваҷҷуҳ зоҳир кунад.

Ба гуфтаи ӯ, дар артиши Қирғизистон ҳанӯз ҳам таҳқири наваскарон идома дорад.

Пештар ба Бахши қирғизии Радиои Озодӣ як гуруҳи волидоне муроҷиат карданд, ки фарзандонашон дар қисми низомии Кой-Таш хидмат мекунанд.

Волидон мегӯянд, раҳбарияти қисми низомӣ гӯиё дастур медодааст, ки наваскарони мавсими баҳории соли 2018 дастуру супориши шахсони гуногунро иҷро кунанд ва онҳо ҳамчунин таҳқиру латтукӯб низ мешудаанд.

Волидони аскарон дар робита ба вазъи мазкур 8 июн ба Кумитаи амният ва Додситонии кулли Қирғизистон муроҷиат карда буданд. Додситонии низомии Бишкек 18 июн дар робита ба ин ҳодиса парванда боз кард. Дар Додситонии кул аз шарҳи қазия худдорӣ карданд.

XS
SM
MD
LG