Ссылки доступа

Бонки миллии Қазоқистон барои ҳифзи қурби танга ба бозори асъор дахолат карданист


Бонки миллии Қазоқистон дар пасманзари поинравии қурби танга 9 август эълон кард, ки барои дастгирии қурби пули миллӣ омодааст, ба ин раванд дахолат кунад.

Ин ниҳод мегӯяд, ба поинравии қурби танга "беқурбшавии рубли русӣ дар натиҷаи пурзӯр шудани таҳримҳо зидди Русия" сабаб шудааст.

Ба гуфтаи бонк, дар ҳоли ҳозир, таъйини қурби танга дар бозорҳои Қазоқистон бидуни дахолати ин ниҳод муайян шуда, он танҳо бозорро таҳлил мекунад.

Дар иттилоия ҷузъиёти дахолати эҳтимолии бонк ба бозори асъор шарҳ дода нашудааст.

Бархе аз коршиносони масоили иқтисодии Қазоқистон дар робита ба пӯшида будани хабари дахолати эҳтимолии Бонки миллии ин кишвар ба бозори асъор нигаронӣ баён карданд.

XS
SM
MD
LG