Ссылки доступа

Омӯзгори мактаби пинҳонии динӣ баъди марги як хонанда 7 сол зиндонӣ шуд


Додгоҳи вилояти Сирдарёи Ӯзбекистон Шералӣ Ибодов, омӯзгори мактаби пинҳонии диниро 7 сол зиндонӣ кард. Ибодов дар латту кӯби хонандаи шашсолаи ин мактаб, ки аз ҷараҳотҳои бардоштааш вафот кард, айбдор шуд.

Ба иттилои мақомоти додгоҳӣ, Ибодов мактаби пинҳонии динӣ таъсис дода, нисбати хонандагон мудовим латту кӯбро раво медидааст.

"Дар баҳсҳои додгоҳӣ дақиқ шуд, ки хонандаи 6-солаи мактаби мазҳабӣ дар натиҷаи зарбу лати Ибодов вафот кардааст", - хабар доданд мақомоти додгоҳии Ӯзбекистон.

Пайвандони Муҳаммадсодиқ Абдураҳмонови 6-сола гуфтанд, аз ҳукми додгоҳ қонеъ ҳастанд.

"Омӯзгор Шералӣ Ибодов он хонандагонеро латту кӯб мекард, ки дарсҳоро наметавонистанд аз худ кунанд. Вай нияти куштани Муҳаммадсодиқро надошт", - гуфтанд наздикони хонандаи кушташуда.

Телевизионҳои Ӯзбекистон ахиран дар бораи мактабҳои пинҳонии динӣ филми ҳуҷҷатие нишон доданд. Ба иттилои телевизионҳо, дар нимаи аввали соли ҷорӣ дар он кишвар 116 мактаби пинҳонӣ ошкор шудааст.

XS
SM
MD
LG