Ссылки доступа

Дар Туркманистон як меҳмонхонаи боҳашамати дигар сохта мешавад


Роҳбари Туркманистон фармонро дар бораи сохтмони як меҳмонхонаи боҳашамат дар Ишқобод имзо кард. Дар сохтмони меҳмонхонаи мазкур садҳо миллион доллар харҷ мешавад.

Ин дар ҳолест, ки дар он кишвар маоши кормандон ва нафақаи бознишастагон бо мушкил пардохт мешавад ва сокинон барои пайдо кардани кор ба хориҷ мераванд.

Ба навиштаи расонаҳои давлатии Туркманистон, маркази тиҷоратии "Қарақум" бо меҳмонхонаи ҳамном дар пойтахти кишвар бунёд мешавад. Ин маркази тиҷорӣ ва меҳмонхонаро ширкатҳои туркӣ месозанд.

Корҳои сохтмонӣ моҳи сентябри соли ҷорӣ шуруъ ва моҳи феврали соли 2021 ба анҷом хоҳанд расид.

Меҳмонхонаи 9-ошёна аз 87 утоқ иборат хоҳад буд. Гуфта мешавад, дар сохтмони меҳмонхона маблағи буҷа сарф мешавад. Расонаҳо пештар навишта буданд, ки арзиши сохтмони маркази тиҷоратӣ ва меҳмонхона 300 миллион долларро дар бар мегирад.

XS
SM
MD
LG