Ссылки доступа

Таносуби 20 ба 80: пули нақд дар дасти мардум мемонад


Аз ҳаҷми умумии пули нақде, ки дар Тоҷикистон мавҷуд аст, ҳамагӣ 20 дарсади он дар хазинаи бонкҳову ташкилоти молиявӣ маҳфуз буда, боқӣ 80 дарсади дигари маблағҳои мардум дар кунҷи сандуқ, ҷилди болишту дохили ҷӯробҳо нигоҳ дошта мешудаанд.

Бонки ҷаҳонӣ дар як пажӯҳиши тозаву фарогире, ки ба вазъи иқтисодии Тоҷикистон ихтисос ёфтааст, муайян кардааст, ки 80 дарсади маблағҳо берун аз системаи молиявии кишвар нигоҳ дошта мешаванд.

"Ҳаҷми маблағҳое, ки мардум берун аз системаи молиявӣ нигоҳ медоранд, хеле зиёд буда, 80 дарсади кулли пулҳои нақди вуҷуддоштаро ташкил мекунанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷомеа бо худ нигоҳ доштани пулро аз амонат гузоштан дар бонкҳо бартар медонанд",- навиштаанд муаллифони ин гузориш.

"Як вижагии Тоҷикистон, ин аст, ки иқтисоди кишвар аз интиқоли пулии муҳоҷирони корӣ аз хориҷ бисёр вобаста аст. Дар миёни давлатҳои ҷаҳон кишварҳое бо чунин иқтисод кам нестанд",- мегӯяд ин гузориш. Аммо вижагии Тоҷикистон, ки иқтисоддонҳои Бонки ҷаҳониро дар ҳайрат гузоштааст, ин хеле кам будани мизони пасандозҳои мардум дар бонкҳо мебошад. Манзури мутахассисони БҶ ҳолати пеш аз бӯҳрони бонкӣ дар Тоҷикистон аст, ки баъди соли 2014 ба ин тараф ҷараён дорад.

XS
SM
MD
LG