Ссылки доступа

СММ: "30 ҳазор тан аз нерӯҳои ДИИШ дар Ироқ ва Сурия ҳастанд"


Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, то 30 ҳазор ҷангҷӯи гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Ироқ ва Сурия ҳузур доранд ва шабакаи байналмилалии ин гурӯҳ як таҳдиди рӯ ба афзоиш аст.

Коршиносони СММ дар гузорише, ки рӯзи душанбеи 13-юми август ироа шуд, гуфтаанд, бо вуҷуди пешрафтҳо дар набард алайҳи ДИИШ дар Сурия ва Ироқ, эҳтимолан "нусхаи пинҳонӣ" ва хурде аз ин гурӯҳ дар ҳар ду кишвар наҷот пайдо хоҳад кард. Дар ин гузориш ба ҳимояти чашмгири гурӯҳҳои вобаста дар Афғонистон, Либия, Ғарби Африқо ва Ҷануб-Шарқи Осиё низ ишора шудааст.

Гузориши нави коршиносони нозир бар таҳримҳо алайҳи ДИИШ ва Ал-Қоида, барои аъзои Шӯрои амнияти СММ фиристода шудааст. Ин гузориш шумораи афроди ДИИШ дар Сурия ва Ироқро байни 20 то 30 ҳазор тахмин мезанад, ки шумораи қобили таваҷҷуҳе аз онҳоро "ҷангҷӯёни террористи хориҷӣ ва фаъол" ташкил медиҳанд. Ин омор бар асоси тахмини ироашуда аз сӯи кишварҳоест, ки дар гузориши СММ номе аз онҳо бурда нашудааст.

Ба гуфтаи нозирони СММ, бо вуҷуди он, ки бисёре аз афрод, тарроҳони ҳамлаҳо ва фармондеҳони ДИИШ дар ҷангҳо кушта шудаанд ва бисёре аз онҳо низ минтақаҳои бӯҳрониро тарк кардаанд, аммо хеле аз онҳо дар Ироқ ва Сурия боқӣ мондаанд. Бархе ҳанӯз дар ҳоли анҷоми амалиёти низомӣ ҳастанд ва шумори дигаре низ дар миёни мардуми ҳамфикри худ дар шаҳрҳо пинҳон шудаанд.

Гурӯҳи "Давлати исломӣ", ки дар соли 2014 дар Сурия ва Ироқ иддаои хилофат кард ва замоне назорати аз се як ҳиссаи қаламрави Ироқ ва бахшҳои калоне аз Сурияро дар ихтиёр дошт. Дар ҳоле, ки нерӯҳои ироқӣ дар амалиётҳои пайдарпай онҳоро аз минтақаҳои зери назорат берун ронданд ва дар Сурия низ нуфузи онҳо ба шакли қобили мулоҳиза коҳиш ёфт, аммо ин гурӯҳ ҳамчунин муваффақ шудааст, даст ба амалиётҳо бизанад.

XS
SM
MD
LG