Ссылки доступа

Бузургтарин буҷаи низомии ИМА тасдиқ шуд


Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи 13 август бузургтарин буҷаи таърихии бахши низомии кишварашро имзо кард. Ин буҷа аз 717 миллиард доллар иборат аст.

Дар мубориза зидди терроризм 69 миллиарди доллари буҷаи низомӣ сарф мешавад. Барои таҷдиди силоҳи ҳастаӣ 22 миллиард доллар пешбинӣ шудааст. 7,6 миллиард доллар барои харидории 77 ҳавопаймои ҷангандаи F-35 сарф хоҳад шуд.

Буҷаи нави Пентагон ҳамкориҳои низомии ИМА-ро бо Русия маҳдуд кардааст. Ба вижа, ҳамкориҳо дар доираи Созишномаи фазои боз то замоне қатъ шудааст, ки Русия барои иҷрои шартҳои созишнома ҷиддият нишон надиҳад. Ин созишнома соли 1992 миёни кишварҳои узви НАТО ва кишварҳои пешини Созишномаи Варшава имзо шуда буд.

Дар буҷаи нави низомии ИМА ҳамчунин ҳама навъи харҷҳое манъ шудааст, ки ба эътирофи ишғоли Қрим аз сӯи Русия боис мешаванд. Буҷаи нав густариши кумаки низомиро ба Украина ва кишварҳои узви НАТО пешбинӣ кардааст.

"Буҷаи кунунӣ аз рӯи ҳаҷмаш бесобиқа аст", - гуфт Доналд Трамп

XS
SM
MD
LG