Ссылки доступа

Боздошти қочоқбари дору аз Тоҷикистон ба Қирғизистон


Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон 14 август хабар дод, ки аз қочоқи маводи доруворӣ аз Тоҷикистон ба ин кишвар пешгирӣ кард.

Дар ҳудуди деҳаи Қизил-Жоли ноҳияи Бодканд микроавтобуси "Мерседес-Бентс Спринтер-311"-ро зери идораи як сокини ноҳияи Лайлаки ин кишвар боз доштанд. Ҳангоми бозҷӯӣ аз дохили мошин 46 баста, аз ҷумла 5 ҳазор қуттӣ стрептотсид, 1 ҳазору 100 қуттӣ линкомитсин ва 400 қуттӣ амарили макони истеҳсолаш номаълум дарёфт ва мусодира карда шуд.

Мавод аз Тоҷикистон ба Қирғизистон бидуни пардохти боҷи гумрукӣ ва иҷозатномаи Вазорати тандурустии ин кишвар ворид карда шудааст.

Кумитаи амнияти Қирғизистон дар робита ба ин ҳодиса бо банди "Қочоқ" парвандаи ҷиноӣ боз кард.

XS
SM
MD
LG