Ба гуфтаи ӯ, 7 август дар шаҳри Фарғонаи Ӯзбекистон мулоқоти навбатии гуруҳҳои кори ду кишвар оид ба таъйин ва аломатгузории хати марзҳо баргузор шуд. Яке аз мавзуъҳои мулоқот табодули анклави Бораки Қирғизистон бо минтақае дар марзи ду кишвар буд.
Байиш Юсупов гуфт, ин масъала ҳанӯз дар ҳоли баррасист.
Анклави Борак 230 гектар масоҳат дошта, дар он ҳудуди 75 шаҳрванди Қирғизистон зиндагӣ мекунанд. Сокинони маҳаллӣ солҳост, ҳангоми убури марз бо мушкил рӯбарӯ мешаванд ва ҷониби Қирғизистон ба ин минтақа кумаки башардӯстона мерасонад.
Ӯзбекистону Қирғизистон 1 ҳазору 378 километр марзи муштарак доранд. Соли гузашта дар робита ба 1 ҳазору 170 километри он ба созиш расиданд. Қарор буд, 208 километри боқӣ то охири соли 2017 муайян карда шавад, вале то ҳол нашудааст.
Вазорати умури хориҷии Ӯзбекистон 7 август хабар дод, ки гуруҳҳои кории Тошканду Бишкек хати марзи ду кишварро дар ду минтақаи дигар – Шоҳимардон ва Газнов дар ҳудуди вилоятҳои Фарғонаи Ӯзбекистон ва Бодканди Қирғизистон муайян карданд.