Ссылки доступа

Конгресс лоиҳаи қонуни таҳримҳои нави зидди Русияро нашр кард


Дар сомонаи Конгресси ИМА рӯзи сешанбе тарҳи пешниҳодии гуруҳи сенаторҳои демократу ҷумҳурихоҳ ба раҳбарии сенатор Линдсӣ Грэм нашр шуд, ки таҳримҳои сахттари зидди Русияро дар назар дорад.

Лоиҳаи "Қонуни ҳимояти амнияти Амрико аз таҷовузкориҳои Русия" баъд аз мулоқоти президенти ИМА Доналд Трамп бо ҳамтои русаш Владимир Путин дар Ҳелсинкӣ таҳия шудааст. Дар он ба таҳаввулот баҳои сиёсӣ дода шуда, тадбирҳои мушаххасе пешниҳод шудаанд, ки ба гуфтаи муаллифон, бояд посухи муносиби амалҳои Русия бошанд.

Дар лоиҳа гуфта шудааст, ки ИМА аннексияи Қримро ба ҳайати Русия эътироф намекунад. Ҳамчунин он ба маъмурияти ИМА иҷозат намедиҳад, ки дар робита ба хориҷшавии кишвар аз ҳайати НАТО даст ба иқдоме бизанад.

Дар бахшҳои алоҳидаи қонун Русия дар истифодаи силоҳи кимиёӣ (сухан аз заҳролудшавии Сергей Скрипал ва духтараш Юлия дар Бритониё меравад) ва ҳамлаҳои киберӣ дар ҷараёни интихоботи президентии ИМА дар соли 2016 айбдор шуда, ҳамчунин пешбинӣ гашта, ки эҳтимол дорад, Русия дар Сурия ҷиноятҳои ҳарбӣ анҷом дода бошад.

Бар пояи лоиҳаи қонун, президенти ИМА давоми 180 рӯзи баъд аз қабули он бояд зидди "сиёсатмадорон, олигархҳо ва шахсоне таҳрим эълом кунад, ки фаъолиятҳои ғайриқонуниву коррупсиноӣ ба нафъи президенти Русия доранд". Таҳримҳо бояд зидди аъзои хонаводаи ин афрод ва ширкатҳои марбут ба Путин ҷорӣ шаванд.

Ҳамчунин сармоягузорӣ дар бахши нафти Русия ва фаъолияти бузургтарин бонкҳои ин кишвар, аз ҷумла Сбербонк, ВТБ, Внешэкономбонк ва Газпромбонкро дар ИМА манъ мекунад.

Банди алоҳидаи қонун иктишофи миллии ИМА-ро вазифадор мекунад, ки тайи 180 рӯз ҳисоботи муфассалеро дар бораи дороиҳои Путин ва аъзои хонаводааш ба Конгресс пешниҳод кунад.

Котиби давлатии ИМА низ давоми 90 рӯз ба Конгресс бояд хабар диҳад, ки Русия ба меъёри "кишвари сармоягузори терроризм" мутобиқат мекунад, ё не.

Ин лоиҳаи қонуни ИМА кай баррасӣ мешавад, маълум нест. Қонуни пешини таҳримҳои зидди Русия соли гузашта бо аксари оро дар ҳар ду палатаи Конгресс қабул шуда буд.

XS
SM
MD
LG