Ссылки доступа

Як ҳоҷии туркман дар Макка вафот кард


Паломничество в месяц Рамадан, Мекка, 2016 (иллюстративное фото)
Паломничество в месяц Рамадан, Мекка, 2016 (иллюстративное фото)

Яке аз зоирони туркман, ки ба зиёрати Ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ рафта буд, дар Макка вафот кард.

Дар тамоми даврони истиқлоли Туркманистон ин нахустин хабари марги ҳоҷии туркман дар мавсими ҳаҷ аст.

"Омӯзгор аз Дашоғуз як рӯз баъди ворид шудан ба Макка вафот кард. Вай 70 сол дошт. Ӯро дар Макка дафн карданд", - гуфтанд пайвандони омӯзгор.

Бо фармони президенти Туркманистон, ҳамасола ширкати "Туркманҳавоелларӣ" ҳоҷиёни туркманро ба Арабистони Саудӣ мебарад.

Хабаргузориҳои расмии Туркманистон 5 август навиштанд, ки соли ҷорӣ 153 шаҳрванди Туркманистон ба зиёрати ҳаҷ мераванд.

XS
SM
MD
LG