Ссылки доступа

Сафири Иттиҳоди Аврупо аз Тоҷикистон меравад - Гуфтугӯ бо Бишчевич (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Сафири Иттиҳоди Аврупо аз Тоҷикистон меравад - Гуфтугӯ бо Бишчевич. Ҳидоят Бишчевич, раҳбари намояндагии дипломатии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон, баъди чаҳор соли маъмурият Душанберо тарк хоҳад кард (видео)

- Ҳодисаи суқути чархбол аз забони кӯҳнавардони маҷруҳ. Сергей Матвеев ва Дмитрий Кумшаев – ду кӯҳнаварди рус – рӯзи 14-уми август ҷузъиёти суқути чархболи фотеҳони қуллаи "Исмоили Сомонӣ"-ро нақл карданд (видео)

- Лӯбиёи бештар аз 1- метрӣ дар Файзобод. Дар хонаи як сокини шаҳри Файзобод лӯбиёе рустааст, ки ба гуфтаи худаш метавон онро ба китоби рекордҳои Гиннес ворид кард (видео)

- Кӯҳнавардони осебдида дар бемористони "Истиқлол" бистарӣ шуданд. Шоми 13 август мақомоти тоҷик 12 кӯҳнаварди осебдида (шаҳрвандони Русия, Беларус ва Испания) дар ҳодисаи рӯзе пеш дар кӯҳистонро ба беморхонаи "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе интиқол доданд. Як нафар аз халабонҳои зиндамондаи тоҷик ҳам дар ҳамин ҷо аст (видео)

- Ёди сайёҳони кушташударо бо марафон гиромӣ доштанд. Сабқати дав ва дучархаронҳо ба хотири гиромидошти сайёҳони дучархасавори кушташуда дар Данғара бо лаҳзаи хомушии ширкатдорон оғоз шуд. Дар мусобиқаи дав ва дучархаронӣ, ки мавзеи истироҳатии Сафеддара сурат гирифт, наврасони аз 12-сола то солмандони то 67-сола ширкат доштанд. (видео)

- 5 ҳазор сомонӣ ҷарима барои оростани дастурхони пурхарҷи идона. Дар остонаи Иди Қурбон ба сокинони Тоҷикистон таъкид шуд, ки муқаррароти қонуни танзими расму оинҳоро риоя кунанд, вагарна барои дастурхонҳои пурхарҷ ҷаримаи ҳангуфте ҷорӣ мешавад. (видео)

- Намоишгоҳи корҳо барои ҳимоят аз Сентсов. Дар шаҳри Киев 13 август намоишгоҳи корҳое оғоз шуд, ки ба ҷонибдорӣ аз коргардони зиндонии Қрим Олег Сентсов дар Русия анҷом шудаанд. Русия Сентсовро бо гумони омодагӣ ба теракт дар Қрим 20 сол зиндонӣ кард. (нигористон)

- Осиё: табодули ҳудудӣ ва муборизаи Қирғизистон бо "фейкҳо". Қирғизистон ва Ӯзбекистон эҳтимол аст, ҳудудҳои ҳамдигарро табодул кунанд. С ба ин розиянд. Осебдидаҳои садамаи чархбол дар Тоҷикистон ҷузъиёти ҳодисаро нақл карданд. Дар Қирғизистон сомонае ба кор шуруъ кард, ки хабари дуруғ дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоиро ошкор мекунад. (видеои Настоящее время)

- Эътирозгарон нишасти матбуотии Кочарянро баҳам заданд. Нишасти матбуотии президенти пешини Арманистон Роберт Кочарян аз сӯи эътирозгарон барҳам зада шуд. Як идда аз шаҳрвандон ӯро дар куштори одамон айбдор мекунанд (видео)​

- Дар шимоли Қазоқистон меваву сабзавот гарон мешавад (видео)

- Фазои пӯшида ва харҷҳои ҳангуфт. Доналд Трамп буҷаи нави низомии ИМА-ро имзо кард (видео аз Директ)​

- Дар шаҳри Генуяи Италия пули мошингузар фурӯ рехт, даҳҳо одам кушта шуд (видеои Настоящее время)

- Артиши Қирғизистон: сарнавиштҳои шикаста, умедҳои барбодрафта...(видео)

- Профессори чинӣ ҳангоми мусоҳиба ғайб зад (видео)

- Дар Ишқобод ярмаркаи лавозимоти мактабӣ оғоз шуд (нигористон)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG