Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон марде барои қатли бародари худу ҳамсараш 22 сол зиндонӣ шуд


Сокини ноҳияи Каттақӯрғони вилояти Самарқанди Ӯзбекистон Бахтиёр Шукуров, ки дар пайи як баҳси манзил бародари бузурги худу ҳамсари ӯро бо табар ба қатл расонд, 22 сол аз озодӣ маҳрум шуд.

Додгоҳи Самарқанд 12 август Шукуровро дар куштори барқасдона айбдор донист.

Бахтиёр Шукуров, сокини шаҳраки Панҷшанбе, маркази вилояти Самарқанд 14 марти соли равон ҳамроҳи зану писари 8-солааш бародари 58-солаи худ - Абдуқаҳҳору ҳамсари 55-солаи вай - Мақсударо бо табар ба қатл расонда буд.

Абдуқаҳҳору ҳамсараш аз Шукуров гӯиё хоста буданд, ки хонаи волидонашро тарк кунад.

Яке аз наздикони Бахтиёр Шукуров гуфт, тамоми хешовандони қурбониён аз ҳукми додгоҳ розиянд. Ба гуфтаи онҳо, Шукуров аз соли 2003 то чанд бор 2014 барои дуздӣ ва куштор зиндонӣ шудааст. Бори охир ӯ аз зиндон соли 2014, дар пайи қонуни афв озод гашта буд.

XS
SM
MD
LG