Ссылки доступа

Туркия пардохтҳои гумрукиро ба чанде аз маҳсулоти ИМА гарон кард


Туркия пардохтҳои гумрукиро ба чанде аз маҳсулоти ИМА боло бурд. Ин иқдоми Туркия дар посух ба боло бурдани тарифҳои воридоти оҳан ва алюминиюм аз сӯи ИМА, гирифта шуд.

Пардохти гумрукӣ барои машруботи амрикоӣ 140 фоиз, мошинҳои сабукрав 120 фоиз ва тамокуи амрикоӣ 60 дарсад боло рафт. Ба ҷуз ин пардохти гумрукии маҳсулоти ороишии занон, биринҷ ва ангишт гарон шуд.

Фуат Октай, ноиб-президенти Туркия дар шабакаи иҷтимоии Твиттер навишт, ки қарори Анқара посух ба "ҳамлаҳои барқасдонаи ҳукумати ИМА" зидди иқтисоди Туркия аст.

ИМА ибтидои моҳи ҷорӣ нисбати роҳбарони вазорати корҳои дохилӣ ва адлияи Туркия таҳрим ҷорӣ кард. Анқара ҷавоби ҳамсон дод. Баъди он президенти ИМА Доналд Трамп аз болоравии пардохтҳои гумрукӣ хабар дод. Дар пасманзари ин хабарҳо, пули миллии Туркия - лира - нисбат ба доллар беқурб шуд. Раҷаб Эрдуғон, президенти Туркия гуфт, уфти рекордии лира иқдоми тарҳрезишуда зидди сиёсатҳои мустақилонаи Анқара аст. Аз ибтидои сол лираи туркӣ тақрибан 45 дарсад беқурб шудаст.

XS
SM
MD
LG