Ссылки доступа

Додгоҳи Москва ҳукми ҳабси ронандаи қирғизро ду моҳ дароз кард


Додгоҳи ноҳияи Твери шаҳри Москва 15 август ҳукми ҳабси шаҳрванди Қирғизистон ва ронандаи таксӣ Чингиз Анорбек уулуро, ки дар маркази пойтахти Русия 7 пиёдагардро пахш кард, ду моҳи дигар дароз кард.

Ҳодиса 16 июн дар Майдони сурхи Москва рух дод. Мошин ба роҳи пиёдагард баромада, 7 нафарро пахш кард, ки дар миёни онҳо ду шаҳрванди Мексика низ буданд.

Раёсати корҳои дохили шаҳри Москва видеои бозпурсии муҳоҷири қирғизро нашр кард. Чингизи 28-сола гуфт, барои хобравӣ ба хонааш шитоб дошт ва ба ҷои “тормоз” иштибоҳӣ “газ”-ро зер кардааст. Вай ҳамчунин афзуд, ки гуноҳи худро ба гардан мегирад ва аз ҷабрдидаҳо узр хост.

"20 соат ронандагӣ кардам. Танҳо 2-3 соат хоб рафта будам". Видеои бозпурсии Чингиз Анорбек уулу.

Додгоҳ шаҳрванди Қирғизистонро 18 июн ба ҳабс гирифт. Дар робита ба ин ҳодиса бо банди "Нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо ва идора кардани воситаи нақлиёт" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

XS
SM
MD
LG