Ссылки доступа

Додгоҳи ИМА як фирории ӯзбекро дубора зиндонӣ кард


Фазлиддин Курбанов.
Фазлиддин Курбанов.

Як фирорӣ аз Ӯзбекистон, ки дар ИМА бо айби ҳамкорӣ бо гуруҳҳои тундгаро зиндонӣ аст, ба 20 соли дигари зиндон маҳкум шуд.

Ҳукми Фазлиддин Қурбонов, фирории ӯзбек, аз сӯи додгоҳи Лос-Анҷелеси ИМА 14 август содир гардид. Ба иттилои додситонҳо, Қурбонов моҳи майи соли 2016 корде сохта, ба нозири зиндони Викторвиллии аёлати Калифорния ҳамла кардааст.

Ба иттилои додситонӣ, дар ҷараёни муҳокимаҳои додгоҳӣ Фазлиддин Қурбонов нисбати Амрико "изҳори душманӣ" зоҳир кардааст. Моҳи марти соли ҷорӣ Қурбонов эътироф кард, ки қасди кушторро дошт.

Келвин Ҷонсон, нозири зиндон баъди ҳамлаи Қурбонов ҷароҳати вазнин бардошт, аммо зинда монд. Мақомоти зиндон гуфтанд, аз ҳамлаи Қурбонов ба ҷуз аз Ҷонсон ду нозири дигар ҳам ҷароҳат бардоштаанд.

Фазлиддин Қурбонов моҳи январи соли 2016 аз сӯи додгоҳи ИМА бо айби талоши кумаки молӣ ба гуруҳи "Ҳаракати исломии Ӯзбекистон" 25 сол зиндонӣ шуд. "Ҳаракати исломии Ӯзбекистон" дар Амрико ва чанд кишвари дигар созмони террористӣ эътироф шудааст. Мақомоти ИМА гуфтанд, Қурбонов пеш аз боздошташ дар соли 2013, барои сохтани дастгоҳи тарканда лавозимоти зарурӣ пайдо карда, ният дошт дар ҳудуди Амрико таркиш роҳандозӣ кунад.

XS
SM
MD
LG