Ссылки доступа

10 низомии қазоқ аз инфиҷори "ашё"-е ҷароҳат бардоштанд


Дар размоишгоҳи "Қазоқистон"-и ҷумҳурии Қазоқистон аз "таркиши ашёи номаълум"-е 10 низомӣ ҷароҳат бардоштанд, хабар медиҳад маркази матбуотии вазорати мудофиаи Қазоқистон. Ин ҳодиса 14 август ҳангоми омода кардани майдони ҳарб сурат гирифтааст.

Табибони ёрии таъҷилӣ ба маҷруҳон дар ҷои ҳодиса кумак расондаанд.

"Дар ҳоли ҳозир вазъи низомиҳо муътадил аст. Ба онҳо кумаки тиббӣ расонида мешавад", - хабар медиҳад вазорати мудофиа.

Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот шуруъ шудааст.

XS
SM
MD
LG