Ссылки доступа

Дар Алмато норасоии доруи саратонро ба афзоиши шумори беморон рабт доданд


Дар шаҳри Алматои Қазоқистон норасоии доруи бемории саратонро ба афзоиши шумори беморони саратони сина рабт доданд. Пештар муштариёни Маркази саратоншиносии Алмато шикоят карданд, ки ба беморон дору намерасад.

Сардухтури марказ ва намояндаи Идораи тандурустии Алмато Нурсултон Измагамбетов 13 сентябр дар як нишасти хабарӣ гуфт, вақтҳои ахир норасоии доруи "Гертсептин", ки беморони саратони сина аз он истифода мекунанд, эҳсос мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир, масъалаи сармоягузорӣ барои хариди иловагии ин дору баррасӣ мешавад ва то муайян шудани он, доруро қарз хоҳанд гирифт.

Намояндаи ширкати "СК-Фарматсия", ки бо воридоти дору машғул аст, дар нишаст гуфт, доруи мазкур аллакай ба Қазоқистон ворид шудааст ва қарор аст, то 20 сентябр дастраси беморон шавад.

Ба гуфтаи табибон, дар ҳоли ҳозир, дар Алмато беморон ба 290 шиша доруи "Гертсептин" ниёз доранд, ки ҳар як шишаи он ҳудуди 300 ҳазор танга ё тақрибан 800 доллар меистад.

Бино ба иттилои расмӣ, дар Алмато 5 ҳазору 426 зан ба саратони сина гирифторанд. Ба гуфтаи табибон, ин рақам дар қиёс бо ҳашт моҳи пеш, 5% бештар аст.

XS
SM
MD
LG