Ссылки доступа

Бунёди Оғохон сохтмони лӯлаи обро дар Ворух ба таъхир гузошт


Масъулони Бунёди Оғохон мегӯянд, бунёди лӯлаи обгузар дар ҷамоати Ворухи Исфара, ки 13 сентябр боиси баҳси сокинони Тоҷикистон ва Қирғизистон шуд, муваққатан ба таъхир гузошта мешавад.

Як масъули бунёд рӯзи 14 сентябр гуфт, онҳо аз сармоягузории тарҳи лӯлаи оби нӯшокӣ дар деҳаи “Тоҷикон” пурра даст накашидаанд, аммо то ҳал шудани баҳс бунёди он мавқуф гузошта мешавад.

​“Маблағгузорӣ дар он маврид идома меёбад, ки агар тарафҳо ба як мувофиқа бирасанд. Мо омода ҳастем, ки ҳатто ҳамон лоиҳа дигар шавад. Агар қирғизҳо мехоҳанд аз ин лӯла об бигиранд, марҳамат биёянд пайваст кунанд. Ягон гап нест. Лекин баҳс бар сари ин нест, лӯла танҳо баҳона аст. Чун лоиҳа ду моҳ аст, ки идома дорад ва то ҳол ягон мушкил эҷод нашуда буд. Ҳатто техникаҳо аз ҳудуди Қирғизистон гузашта ба Ворух рафтанд, ягон гап набуд”, -гуфт манбаъ.

Ҷанҷол рӯзи 12-уми сентябр рух дод ва мардум дар Ворух мегӯянд, нирӯҳои марзбонии Қирғизистон ба ҳудуди онҳо наздик омада ва тамоми рафторашонро зери назорат доранд.

Ғафурҷон Ҷӯраев, раиси маҳаллаи "Тоҷикон" 13 сентябр гуфт, бар асоси як барномаи Бунёди Оғохон сокинони деҳа ба кашидани хатти лӯлаи об машғул буданд ва "қирғизҳо бо трактор омада, ҳамаро хароб карданд".

Дар Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфтанд, ба баҳси сокинони ду кишвар бунёди лӯла сабаб шудааст. "Деҳа дар минтақаи марзиест, ки аломатгузорӣ нашудааст. Ҳама гуна корҳо дар онҷо манъ аст. Вале сокинони Тоҷикистон ба ин нигоҳ накарда, лӯла кашиданӣ шуданд, ки боиси норозигии қирғизистониҳо шуд", - афзуд як масъули хадамот.

Тоҷикистону Қирғизистон аз 976 километр марз 504 километрро таъйину аломатгузорӣ кардаанд. Дар минтақаҳои аломатгузоринашудаи марз, бахусус дар манотиқи марзии вилоятҳои Суғд ва Бодканд, борҳо сокинонбарои обу чарогоҳ даст ба гиребон шудаанд ва чанд нафар ҳам дар муноқишаҳо кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG