Ссылки доступа

Зиндагии беш аз 300 сокини Душанбе дар биноҳои нотамом (видео)


Беш аз 300 сокини се бинои навбунёд дар кӯчаи Раҳимии шаҳри Душанбе шикоят доранд, ки моликони сохтмон биноро нотамом гузошта, рафтаанд. Масъули асосии ин се сохтмони нотамом бо ҷурми қаллобӣ ба 16 соли зиндон маҳкум шудааст.

Ба гуфтаи сокинон, тамоми хонаҳҳои ин биноҳои даҳошёна фурӯхта шудааст. "Вақте аз инҷо хона харидам, ваъда доданд, ки баъди ду-се моҳ ба истифода месупоранд. Аммо то ба ҳол моликаш дар зиндон аст. Мегӯянд, барои идомаи кор ба кадом писари холааш боварнома додааст, аммо рости гап намедонам, ки он ҳам ҳаст ё не", - гуфт яке аз сокинон Шаҳзод Тоиров 13 сентябр.

Сокинони ин биноҳои навсохт бо иллати нотамом мондани манзилашон то ҳол ягон ҳуҷҷати сабтиноми манзил надоранд. "Китоби хона надорем, шиносномаи техникии хона ҳам нест, чунки бино пурра супурда нашудааст. То ҳол ҳукумат онро қабул накардааст", - афзуд Тоиров.

Онҳо иқрор мекунанд, зиндагӣ дар чунин шароит хеле хатарнок аст, вале ба далели манзили дигар надоштан маҷбур шуданд, дохили хонаҳои нотамомро таъмир карда, зиндагӣ кунанд.

"Инҷо барои кӯдакон хавфнок аст. Онҳоро ҳамроҳ то поин фароварда, ба мактаб гусел мекунем. Вақте аз мактаб омаданд, дубора ба боло мебарорем. Чунки метарсем боз аз зинаҳо наафтанд. Ошёнаҳои аввалу дувум ба хайр аст, агар ошёнаи даҳум афтанд чӣ? Бисёр хатарнок аст", - мегӯяд яке аз ҳамсуҳбатони дигари мо Лола Пӯлодова.

Фаррух Ашӯров, соҳиби замине, ки биноҳои мазкур дар онҷо бунёд шудаанд, аз номи масъулони ширкати бинокор гуфт, "баъзе қарздорон ҳастанд. Бояд пулҳоро пурра пардохт кунанд, то сохтмони биноро пурра ба анҷом расонанд. Ба ҳамин хотир кор каме ба таъхир афтодааст".

XS
SM
MD
LG