Ссылки доступа

20 соли зиндони Файзиддин Ҳабибуллоев барои куштори ҳамсару кӯдак


Додгоҳи вилояти Иркутск 19 сентябр сокини 26-солаи ноҳияи Данғараи Тоҷикистон Файзиддин Ҳабибуллоевро барои қатли бераҳмонаи ҳамсар ва писари ширхораш ба 20 соли зиндон маҳкум кард.

Додрас гуфт, Ҳабибуллоев ҳамсари русашро ба марди дигаре рашк карда ба тани кӯдак 20 ва ба тани ҳамсараш 69 зарби корд задааст. Наздиконаш дар Тоҷикистон аз шунидани ин хабар афсурда шудаанд.

Ҳодисаи кушта шудани ҳамсар ва кӯдаки Файзиддин Ҳабибуллоев 13 марти соли ҷорӣ рух дод. Намояндагии Кумитаи тафтишоти Русия дар вилояти Иркутск навиштааст, ки куштори ҳамсару кӯдак дар хонае рух дод, ки барои як рӯз бо нияти таҷлили ҷашни оилавӣ иҷора гирифта буданд. 13-уми марти соли ҷорӣ ин хонавода бо нияти таҷлили як ҷашни оилавӣ дар сари дастурхон ҷамъ шуд. Баъди муддате гӯё ба телефони мобилии ҳамсари Ҳабибуллоев аз номи кадом марди ношиносе паём ё СМС ворид шуд ва ҳамсар дар ғояти қаҳру ғазаб ба даст корд гирифта, ба ҳамсар ва баъдан тифлаш ҳамла кард.

Тафтишот гуфтааст, ки баъди куштор Ҳабибуллоев дар беруни Иркутск дар кадом як дачае пинҳон шуда, ният доштааст ба Тоҷикистон фирор кунад, вале боздошт ва дар ҷиноят иқрор шуд. Намояндагони ҷамъияти тоҷикони Иркутск мегӯянд, ин ҳодиса ҳамаро такон дод.

Матбуоти Иркутск навишт, ташхиси судию экспертӣ собит кардаст, ки маҳкумшуда ба ҳангоми содир кардани ҷиноят хатарнок будани амалҳои худро дарк мекард.

Дар баёнияҳои муқаддамотӣ Ҳабибуллоев гуфтааст, ки ба ҳамсари рустабораш Наталяро рашк мекард ва сабаби ҳамлааш ҳам шубҳа дар садоқати ҳамсар буд. Матбуоти русӣ бо такя ба тафтишот навишт, ки "чашми обии кӯдак" гӯё мавриди шубҳаи Ҳабибуллоев буд ва ин мард бовар надошт, ки Абӯбакр писари ӯст. Даъвое, ки хонавода онро радд мекунанд.

Рӯзи аввали мурофиа, ки рӯзи 15-уми август дар як додгоҳи Иркутск ҷараён гирифт, Ҳабибуллоев гуфт, ки ҷузъиёти ҳамларо ёд надорад ва инро дар ҳолати номукаллафӣ содир кардааст. Дар ин бора оҷонсии "Байкал24" хабар додааст. Вале айбдкоркунанда дар мурофиаи додгоҳӣ гуфтааст, ки ҷинояти мудҳишро ин марди тоҷик огоҳона содир кард ва ташхиси тиббӣ низ солимии ҳолати равонии ӯнишон дод. Дар рӯзи аввали мурофиа модарарӯси Ҳабибуллоев гуфт, ки дар гузашта ҳам шоҳид шуда буд, ки домодаш духтри ӯро озор медод, латтукӯб мекард.

XS
SM
MD
LG