Ссылки доступа

Размоиши "Бародарии шикастнопазир-2018"-и нирӯҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон


Барои мушоҳидаи рӯзи охирини машқҳои низомии муштараки нирӯҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар вилояти Суғд вазири мудофеи кишвари ҳамсоя ба Хуҷанд сафар кард.

​Абдусалом Азизов, вазири мудофеаи Ӯзбекистон ҳамроҳ бо ҳамтои тоҷикаш Шералӣ Мирзо рӯзи 21 сентябр аз охирин рӯзи размоишҳо дар тамрингоҳи Чорухдарони вилояти Суғд назорат мекунанд.

Размоиши муштараки ду кишвар таҳти унвони "Бародарии шикастнопазир-2018" рӯзи 18 сентябр дар ҳудуди вилояти Суғд, ки ҳаммарз бо Ӯзбекистон аст, шурӯъ шуд.

Ориф Нозимов, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон 21 сентябр аз маҳалли машқи низомии муштарак гуфт, бо ширкати вазирони мудофеаи Тоҷикистону Ӯзбекистон размоиши муштарак имрӯз ҷамъбаст мешавад.

Вай гуфт, дар ин размоиши муштарак ба сурати умум 17 ҳазор низомиёни ҳайатҳои ҳарбӣ аз ҳар ду кишвар ва нерӯҳои эҳтиётию захиравӣ иштирок карданд.

Дар ин машқи низомӣ аз ҷониби неруҳои мусаллаҳи Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ҷангафзору зиреҳпӯшҳо ва чархболҳои ҳарбӣ истифода мешаванд.

"Вазъ дар минтақаи мо одӣ нест ва эҳтимоли ташаннуҷи он вуҷуд дорад. Бештар аз ҳама ҷамъшавии ҷангиёни гуруҳҳои байналмилалии террористӣ, аз ҷумла шаҳрвандони кишварҳои худ дар наздикии марзҳои ҷанубӣ боиси нигаронист. Мо бояд ба вокунишҳои сареъ омода бошем ва тавонем сари вақт аз таҳдидҳо пешгирӣ кунем", - гуфт муовини аввали вазири мудофеа ва сардори Ситоди кулли қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода.

Размоишҳои вилояти Суғд дувумин тамрини низомии нирӯҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон дар ду моҳи ахир аст. 17 августи соли равон нерӯҳои марзбони ду кишвар низ тамринеро анҷом дода буданд.

XS
SM
MD
LG