Ссылки доступа

Анҷумани ӯзбекҳои Тоҷикистон номзадии Раҳмон ва Мирзиёевро ба ҷоизаи Нобел пешниҳод мекунад


Фаъолони Ҷамъияти ӯзбекони Тоҷикистон маъракаи ҷамъоварии имзоро барои ба ҷоизаи сулҳи Нобел пешниҳод кардани номзадии раҳбарони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев оғоз карданд.

Ин пешниҳод рӯзи 10-уми октябр дар ҷараёни як ҳамоиши ҷамъияти ӯзбектаборони ҷамоати Гулистони шаҳри Ваҳдат садо дод, ки бо ширкати садҳо нафар ҷараён гирифт. Муҳаррама Мирзоалиева, раиси Анҷумани ӯзбекзабонони Тоҷикистон гуфт, тасмими аъзои ҷамъият ин шуд, ки бояд ба хотири қадрдонии заҳматҳои ду раҳбар дар амри беҳбуди равобит, имзои ҷонибдорон ҷамъоварӣ ва ҳамроҳ бо матни пешниҳод ба Кумитаи Нобел, ирсол шавад.

"Мо бо кумитаи ихтисоси ҷоизаи Нобел дар тамос шудем ва онҳо муқаррароти ҷудо кардани ин ҷоизаро ба мо тавзеҳ доданд. Ҳамчунин аз иштибоҳи гузаштаи Тоҷикистон дар пешниҳоди номзадии Эмомалӣ Раҳмон ба гирифтани ин ҷоизаро шарҳ доданд. Ба гуфтаи онҳо, вақте номзадии президентро мақомоти ин кишвар пешниҳод карданд, ин пешниҳод ҳатто ба баррасӣ гирифта намешавад. Агар номзадеро созмонҳои ҷамъиятӣ пешниҳод кунанд, пас ин мавзӯъ ҳатман баррасӣ мешавад", - афзуд ӯ.

Дар Тоҷикистон бори аввал соли 1998, як сол баъди имзои Созишномаи сулҳи миёни ҳукумат ва мухолифон Маҷлиси намояндаҳои Тоҷикистон президент Раҳмонро ба ҷоизаи Нобел пешниҳод кард. Дар Ӯзбекистон мавзӯи пешниҳоди Шавкат Мирзиёев ба ҷоизаи сулҳи Нобел тобистони соли ҷорӣ, як сол баъди раёсатҷумҳурии ӯ аз сӯи як вакили сенати Ӯзбекистон матраҳ шуда буд.

Исми барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел ҳар сол моҳи октябр эълон ва худи ҷоиза моҳи декабр тақдим мешавад. Соли ҷорӣ ду фаъоли ҷамъиятӣ аз Ироқу Конго - Нодия Мурод ва Денис Муквег, ки зидди истифодаи таҷовузи ҷинсӣ ба унвони силоҳи ҷангӣ баромад мекунанд, барандаи ин ҷоиза эълон шудаанд. Дар гузашта Барак Обама, Исҳоқ Робин, Михаил Горбачев ва дигар раҳбарони сиёсӣ ва ҷамъиятӣ барандаи ҷоизаи бонуфузе шудаанд, ки шурӯъ аз соли 1901 тақдим мешавад.

Дар Тоҷикистон беш аз як миллион ӯзбектаборҳо зиндагӣ мекунанд. Аксари онҳо сокинони манотиқи наздимарзӣ бо Ӯзбекистон ҳастанд. Дар ҷамоатҳои шаҳри Ваҳдат, ки дар шарқии шаҳри Душанбе ҷойгир аст, ҳудуди 42 ҳазор ӯзбектаборон зиндагӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG