Ссылки доступа

Театри Норини Қирғизистон ба Ӯзбекистон меравад


Гуруҳи мусиқиву драмавии театри Норини Қирғизистон барои намоиши саҳнаҳо ба Тошканди Ӯзбекистон рафт. Ин театр баъди фурупошии шӯравӣ бори аввал дар соли 2018 бо ҳадафи ба саҳна гузоштани намоишномаҳояш ба хориҷ аз Қирғизистон баромад.

Аз рӯи барнома бозигарони театри Норин мебоист рӯзҳои 16 ва 17 октябр дар Театри миллии драмавии Ӯзбекистон намоиш мегузоштанд. Муовини директори театри мазкур Аида Кетирбоева мегӯяд, гуруҳи театрӣ аз кишвари ҳамсоя ба муносибати таҷлили 90-солагии нависандаи қирғиз Чингиз Айтматов даъватнома дарёфт кардааст.

Канат Мамирканов, узви гуруҳи театрии Қирғизистон мегӯяд, гуруҳ баъди Тошканд ба чанд шаҳри дигари Русия сафар хоҳад кард. "Ба Тотористон, шаҳри Алчик ва Москва меравем. Баъди он талош мекунем, ки ба Лондон равем", - гуфт вай.

XS
SM
MD
LG