Ссылки доступа

Дар Қазоқистон як корманди пулисро корд заданд


Пулиси шаҳри Чимкенти Қазоқистон бо захми корд дар бемористон бистарӣ шуд.

Дар хабари вазорати корҳои дохилии Қазоқистон омадааст, ки шаби 17 октябр ҳангоми навбатдорӣ дар кӯчаҳои шаҳр кормандони пулис афроди машкукро мушоҳида карданд ва хостаанд, шахсияташонро муайян созанд. Яке аз онҳо талош кард, ки фирор намояд.

Ҳангоми боздошти гумонбар, вай муқобилат нишон дода ба корманди пулис чанд корд мезанад. Пулис хабар медиҳад, ки гумонбар боздошт ва безарар карда шудааст. Пулиси маҷруҳ дар ҳоли ҳозир дар бемористон бистарӣ ва вазъаш муътадил аст.

"Гумонбар ба маҳбас бурда шуда, нисбаташ таҳқиқи пешакӣ шуруъ гардидааст", - хабар медиҳанд мақомоти пулиси Қазоқистон.

XS
SM
MD
LG