Ссылки доступа

Парвандаи қатли 4 сайёҳи хориҷӣ дар додгоҳ. "Мумкин мурофиа озод гузарад"


Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳафтаи оянда ба баррасии парвандаи қатли чаҳор сайёҳи хориҷӣ шуруъ мекунад. Ҳамла ба ҷаҳонгардони хориҷӣ моҳи июли имсол дар ноҳияи Данғара рух дод.

Бар асари он чаҳор сайёҳ кушта шуда, ду нафари дигар осеб диданд. Дар курсии айбдорӣ 17 нафар нишастаанд ва наздиконаш мегӯянд, аз додгоҳ ҳукми одилонаро мунтазиранд.

Як манбаъ дар Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 17-уми октябр гуфт, ҳафтаи оянда баррасии парвандаи ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ шуруъ мешавад. Ҳамсуҳбати мо, ки ҳаққи бо матбуот суҳбат кардан надорад афзуд, парвандаи қатли сайёҳон ҳанӯз дар оғози моҳи октябр аз тарафи Додситонии кулл ба Додгоҳи олӣ расид ва то ин вақт мавриди омӯзиш қарор дошт.

Феълан маълум нест, ки мурофиаи гумонбарони қатли сайёҳони хориҷӣ кушода баргузор мешавад ё пушти дарҳои баста. Вале ҳамсуҳбати мо дар Додгоҳи олӣ гуфт, парванда мӯҳри махфӣ надорад ва ба эҳтимоли зиёд мурофиа кушода баргузор мешавад. Масъалаи роҳ додани хабарнигорон ба мурофиа ба гуфтаи масъулини Додгоҳи олӣ феълан баррасӣ шуда истодааст ва танҳо ҳафтаи оянда "ҳамааш маълум мешавад."

Ҳамла ба ҷаҳонгардони хориҷӣ аз камтарин рухдодҳое аст, ки номи Тоҷикистон ба сархати расонаҳои ҷаҳонӣ баровард. Ин ҳамла рӯзи 29-уми июли имсол дар Себистони Данғара рух дод. Дар пайи он чаҳор сайёҳи хориҷӣ – шаҳрвандони Амрико Аустин Ҷей ва Геогҳеган Лаурен Анне Муноз, шаҳрванди Нидерландия Воке Рене Виллемм ва шаҳрванди Швейтсария Хамел Маркус кушта шуданд. Ду нафари дигар – шаҳрвандони Швейтсария Дименд Мари Клер ва Постма Ким Ирис осеб диданд.

Ба иттилои мақомоти тоҷик дар курсии айборӣ 17 нафар нишастаанд. Аз миёни панҷ нафари ҳамлавар ба сайёҳони хориҷӣ дар ҳудуди ноҳияи Данғара танҳо Ҳусейн Абдусамадов зинда боздошт шудааст. Боқимондаҳо дар ҷараёни амалиёти боздошт "безарар карда шудаанд". Инчунин шуморе аз гумонбарон ба хотири хабар надодан ба мақомот боздошт шуданд.

Зимнан, мақомоти Тоҷикистон қаблан гуфтанд, ки ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ аз тарафи Ҳусейн Абдусамадов, Зафарҷон Сафаров, Асомуддин Маҷидов, Ҷаъфариддин ва Аслиддин Юсуфовҳо сурат гирифтаат.

Ҳарчанд гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифт, ангушти иттиҳоми мақомоти Тоҷикистон ба сӯи ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ва Эрон баланд гардид.

XS
SM
MD
LG