Ссылки доступа

Дар Остона ҳашт хонандаро бо нишонаҳои гирифторӣ ба менингит бистарӣ карданд


Ҳашт хонандаи мактабро дар шаҳри Остонаи Қазоқистон бо нишонаҳои менингити ҷиддӣ дар бемористон бистарӣ карданд. Дар ин бора роҳбари раёсати тандурустии шаҳри Остонаи Қазоқистон Садвакас Байгабулов хабар медиҳад.

"Онҳо аз 5 то 16 октябр пайи ҳам ба бемористон оварда шуданд. Дар айни ҳол вазъи сиҳатиашон муътадил аст", - гуфт Байгабулов.

Ба гуфтаи вай, ҳеч асосе барои нигаронӣ нест ва ин беморӣ давоми 8-10 рӯз табобат мешавад. Ҳангоми хуруҷи менингит карантин эълон намешавад. Ҳамаи наврасони гирифторшуда хонандагони мактабҳои шаҳри Остона ҳастанд.

Бино бар иттилои расмӣ, аз ибтидои сол дар Остона 196 ҳолати гирифторӣ ба менингит сабт шудааст.

XS
SM
MD
LG