Ссылки доступа

Дар порлумони Қирғизистон пешниҳод доранд, чандшаҳрвандӣ иҷозат шавад


Оқилбек Жапаров, вакили порлумони Қирғизистон пешниҳод дорад, ки дар ин кишвар иҷозаи доштани якбора шаҳрвандии чанд кишвар дода шавад.

"Мумкин аст, якбора шаҳрвандии 8-10 кишварро гирифт, аммо аз шаҳрвандии кишвари худ маҳрум нашуд. Барои мисол, Исроил инро иҷозат медиҳад. Шаҳрвандони ин кишвар метавонанд, шаҳрванди ҳар кишвари дигар шаванд, аммо ҳамзамон шаҳрванди Исроил боқӣ монанд", - гуфт вай.

Қонунҳои амалкунандаи Қирғизистон иҷозат медиҳанд, ки сокинон танҳо як шаҳрвандӣ дошта бошанд. Ҳангоми дарёфти шаҳрвандии кишвари дигар, бояд аз шаҳрвандии Қирғизистон даст кашид.

XS
SM
MD
LG