Ссылки доступа

Қазоқистон маҳдудияти воридсозии маҳсулоти гӯштии Қирғизистонро бекор кард


Вазорати кишоварзии Қазоқистон маҳдудияти воридсозии маҳсулоти гӯштии Қирғизистонро бекор кард, хабар медиҳанд расонаҳо.

Маҳдудияти воридсозии маҳсулоти гӯштии Қирғизистон 12 октябр ҷорӣ шуда буд. Маҳдудият "дар робита ба вазъи номуътадили бемории ҳайвонҳо дар ҳудуди Қирғизистон" ҷорӣ шуда буд.

Манъи воридоти гӯшт ба панҷ ширкати қирғизӣ - "Риха", "Корхонаи нонпазии Кант", "Баркад", "Солиҳ ЛТД" ва "Адал-Азик" тааллуқ дошт.

XS
SM
MD
LG