Ссылки доступа

Таъсиси парвозҳо аз ҳафт шаҳри Туркия ба Қирғизистон


Аз ҳафт шаҳри Туркия ба Қирғизистон парвозҳои мустақим ташкил карда мешавад. Дар ин бора дар сомонаи расмии Раёсати авиатсияи шаҳрвандии Туркия хабар дода шудааст.

Ба иттилои сомона, миёни мақомоти зиддахли ду кишвар дар ин бора созишнома имзо шудааст. Ҳамакнун парвозҳо аз шаҳрҳои Анқара, Анталия, Алания, Даламан, Бодрум, Самсун, Кападокия ва Ғазантеппаи Туркия ба Қирғизистон сурат мегиранд.

Дар ҳоли ҳозир миёни ду кишвар ҳамагӣ як парвоз дар самти Бишкек-Истамбул амалӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG