Ссылки доступа

Ҷасади яке аз қурбониёни шӯриши зиндони Хуҷанд ба Мастчоҳ интиқол ёфт


Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон дар бораи шӯриши шаби 7-уми ноябр дар зиндони низомаш сангини Хуҷанд (маҳбаси рақами 3/3) ва теъдоди кушташудаҳо ва захмиён иттилоъ надодаанд, ҷасади яке аз нозирони зиндон ба зодгоҳаш – ноҳияи Мастчоҳ – интиқол ёфтааст.

Эҳсон Ёқубови 29-сола чанд сол боз дар маҳбаси Хуҷанд кор мекард.

Шоҳкарим Муҳаммадиев, раиси маҳаллаи деҳаи Пастиғав рӯзи 8-уми ноябр гуфт, ҷасади Эҳсон Ёқубов субҳи панҷшанбе ба наздиконаш супурда шудааст. Ҳамсуҳбати мо гуфт, “маросими дафни Эҳсон Ёқубов пас аз зуҳри имрӯз баргузор мешавад. Барои видоъ бо ӯ масъулони маҳбаси Хуҷанд ба Мастчоҳ омадаанд”.

Масъулони ҷамоати Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ, маҳалли зисти нозири кушташуда, мегӯянд, Эҳсон Ёқубов баъд аз адои хидмат дар артиш то ин вақт дар зиндон кор мекард. Аз Эҳсон ду фарзанди ноболиғ боқӣ мондааст.

Бо гузашти беш аз ним рӯз то ба ҳол мақомоти қудратии Тоҷикистон ҳодисаи ошӯб дар зиндони Хуҷандро расман шарҳ надодаанд. Ҳамчунин гуфта нашудааст, ки дар ҷараёни ошӯб ва пахши он чӣ теъдод кушта ва захмӣ шудаанд. Мақомот мегӯянд, ҳодисаро як кумисюни махсус таҳқиқ хоҳад кард.

Манобеъ шаби 7-уми ноябр хабар доданд, ки дар зиндони низомаш сангини шаҳри Хуҷанд (маҳбаси рақами 3/3) шӯриш ба амал омадааст.

Дар бораи сабабҳои шӯриш маълумоти дақиқ дар даст нест. Гуфта мешавад, бар асари задухӯрд хисороти ҷонӣ ҳаст, аммо теъдоди кушташудаҳо ва захмиҳо маълум нест.

"Нирӯҳо зуд ба ҷои ҳодиса сафарбар шуда ва ошӯбгаронро пахш карданд. Онҳо асосан бо силоҳи сард ҳамла карда буданд", - афзуд як манбаъ.

Ҳамсуҳбати мо гуфт, ҳоло мақомот ба таҳқиқи ҳодиса шуруъ кардаанд ва сабабҳои ошӯб ва теъдоди захмиҳову афроди безарар гардондашуда мушаххас хоҳад шуд.

Дар мавриди ин ки оё касе аз маҳбусон фирор кардааст ё не, иттилое дар даст нест. Як манбаи дигари огоҳ аз ҳодиса гуфт, ҳоло теъдоди зиёди нирӯҳои интизомӣ дар вилояти Суғд ба хидмати шабонарӯзӣ ҷалб шуда, махсусан дар дарвозаҳои вурудӣ ба Хуҷанд фаъол гардидаанд.

Мақомоти расмӣ ҳанӯз дар ин бора чизе нагуфтаанд. Аммо навбатдори Идораи зиндонҳо дар шаҳри Хуҷанд гуфт, "мақомот "Бонги хатар" эълон кардаанд, вале тирпаррониву фирори маҳбусон нашудааст".

Ӯ гуфт, "Бонги хатар" ба набати аввал ба афсарон ва кормандони ҳамаи маҳбасҳо, ки зери назорати ин ниҳод аст, дахл дорад ва онҳо дар ҳолати омодабош оварда шудаанд. Навбатдор ҷузъиёти онро ки чӣ амалҳое дар доираи ин "Бонги хатар" роҳандозӣ мешавад ва то кай давом мекунад, бинобар махфӣ будани он ошкор накард.

Танҳо гуфт, ҳар замон чунин "Бонги хатар" ва ба ҳолати омодабош овардани афсарони раёсати назорати маҳбасҳо ва худи зиндонҳоро амалӣ мекунанд.

Дар гузашта баъзе аз маҳбусон талош карда буданд, ки аз зиндони шаҳри Хуҷанд фирор кунанд. Танҳо дар соли 2016 ду мавриди фирори маҳбусон аз зиндони рақами 3/3-и Хуҷанд сабт шуда буд. Баъзе аз ин маҳбусон ҳангоми фирор кушта шуда, бархеи дигар пас аз муддатҳо боздошту зиндонӣ гардидаанд.

Пурсарусадотарин мавриди фирор аз маҳбасҳои Тоҷикистон, ки бо барканории раиси вақти Кумитаи давлатии миллӣ Хайриддин Абдураҳимов ва тақрибан ҳамаи муовинони ӯ анҷом ёфт, фирори 25 маҳбус аз боздоштгоҳи ин кумита дар Душанбе дар моҳи августи соли 2010 буд.

Амалиёти таъқиби маҳбусони фирорӣ то боздошти охирин нафари онҳо дар маҷмӯъ 1 солу 3 моҳ тӯл кашид. Дар ҷараёни ин амалиёт, ба ҳисоби мақомот, 14 нафар дастгир ва 7 тан аз фирориҳо кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG