Ссылки доступа

Омодагии муаллифи "Муъҷизаи Малайзия" барои табодули таҷриба бо Қирғизистон дар мубориза бо коррупсия


Сарвазири Малайзия Маҳатҳир Муҳаммад гуфт, ҳукумати ин кишвар омодааст, бо Қирғизистон дар бахши рушди иқтисоди рақамӣ, маориф ва мубориза бо коррупсия табодули таҷриба кунад.

Ӯ ин нуктаро дар суҳбат бо ҳайати Қирғизистон ба раҳбарии президенти пешини ин кишвар Роза Отунбоева баён дошт.

Ба огаҳии Вазорати иқтисоди Қирғизистон, ҷонибҳо дар ин мулоқот имкони ҳамкориҳои ду кишварро барои рушди робитаҳои сиёсиву иқтисодӣ низ баррасӣ карданд.

Маҳатҳир Муҳаммад аз соли 1981 то 2003 ҳукумати Малайзияро раҳбарӣ мекард. Соли 2018 ӯро дубора сарвазири ин кишвар интихоб карданд. Муҳаммадро муаллифи "Муъҷизаи Малайзия" меноманд, ки ин кишварро ба яке аз "бабрҳои Осиё" табдил додааст.

XS
SM
MD
LG