Ссылки доступа

Қазоқистон занозании шаҳрвандонаш бо тоҷиконро дар Русия шарҳ дод (видео)


Вазорати умури дохилии Қазоқистон видеои занозанӣ бо иштироки шаҳрвандони ин кишварро дар Русия шарҳ дод. Видеои ин задухӯрд ахиран дар Интернет нашр шуд.

"Ҳодиса 22 ноябр дар ҳудуди корхонаи гази вилояти Амури Русия рух додааст. Дар занозанӣ шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қазоқистон иштирок доштанд", - гуфт намояндаи расмии вазорат Алмос Садубоев.

Ба гуфтаи вазорат, ҳодисаро мақомоти ҳифзи ҳуқуқи маҳаллӣ тафтиш доранд ва тамоми гунаҳкорон муайян карда шуданд.

Пештар расонаҳо хабар доданд, ки дар ҳудуди корхонаи гази Амур 22 ноябр ду гуруҳи муҳоҷирон - шаҳрвандони Қирғизистон ва Қазоқистон занозанӣ карданд.

Бино ба маълумоти пешакӣ, низоъ бо ангезаҳои маишӣ сар зада, яке аз иштирокдорон дар шуъбаи эҳёгарӣ бистарӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG