Ссылки доступа

Ҳ. Абдусамадов: "Туристонро дар Майхӯраву Турсунзода ҳам ҷустуҷӯ кардем" (видео)


Ҳусейн Абдусамадов, ки ҳафтаи гузашта бо ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон ба ҳабси абад маҳкум шуд, бар асоси нӯҳ моддаи Кодекси ҷиноӣ гунаҳгор эътироф шуд.

Дар як навори видеоӣ, ки дастраси расонаҳо шуд, ин шаҳрванди 33-солаи Тоҷикистон дар бораи омодагиҳо ба ҳамлаи террористии тобистони имсол ва тарзи интихоби ҳадаф нақл кард.

Ҳамла ба гурӯҳи ҳафтнафарии туристони хориҷӣ 29 июл дар ҳудуди ноҳияи Данғара рух дод. Дар натиҷа, чор нафар – шаҳрвандони ИМА, Шветсия ва Ҳолланд кушта шуда, ду нафар маҷрӯҳ гардиданд. Масъулияти ин ҳамларо гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” ба дӯш гирифт.

Дар як сабти видеоие, ки охири ҳафтаи гузашта дастраси расонаҳо шуд, Ҳусейн Абдусамадов ба забони русӣ дар бораи шеваи анҷом додани ҳамла нақл мекунад.

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 21-уми ноябр Ҳусейн Абдусамадов, раҳбари гурӯҳи ҳамлаварон ба сайёҳони хориҷиро ба ҳабси абад маҳкум кард. Ду тан аз муттаҳамони дигар Кароматулло Ғаниев ва Беҳрӯз Сафоев ба 16-соли зиндон маҳкум шуданд.

Додгоҳ ҳамчунин 12 муттаҳами дигарро ба мӯҳлати аз як то якунимсолӣ аз озодӣ маҳрум намуд. Мӯҳлати адои ҷазои Баҳринисо Ҳайдарова, ягона зани муттаҳам дар ин парванда, бинобар доштани кӯдаки хурдсол, ба таъхир гузошта шудааст. Ӯ ба як соли зиндон маҳкум шуд.

Баҳринисо Ҳайдарова ва 11 нафари дигар - Беҳрӯзи Саймурод, Қурбонбек Ғанизода, Абдулмуъмин Давлатов, Фаррух Давлатов, Қиёмиддин Қурбонов, Бахтовар Салоҳидинов, Мансур Солеҳов, Саъдулло Холмуродзода, Шоҳин Юсуфзода, Фирдавсӣ Юсуфов ва Маҳмадулло Қаландаров барои хабар надодан ва ё пинҳон доштани ҷиноят, ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

Хусейн Абдусамадов рассказал о нападении на ведотуристов
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:21 0:00

Ҳамла ба ҷаҳонгардони хориҷӣ рӯзи 29-уми июли имсол дар минтақаи Себистони Данғара рух дод. Дар пайи он чаҳор сайёҳи хориҷӣ – шаҳрвандони Амрико Остин Ҷей ва Геогҳеган Лаурен Анне Муноз, шаҳрванди Ҳолланд Воке Рене Виллемм ва шаҳрванди Швейтсария Хамел Маркус кушта шуданд. Ду нафари дигар – шаҳрвандони Швейтсария Дименд Мари Клер ва Постма Ким Ирис осеб диданд.

Масъулияти ҳамла ба сайёҳонро ҳарчанд гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ба ӯҳда гирифтаст, аммо ангушти иттиҳоми мақомоти Тоҷикистон ба сӯи ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ баланд гардид. Ҳизб даст доштани худ дар ин ҳамларо қотеона рад мекунад ва ин иттиҳомро як тӯҳмат ба хотири бадном кардани ҳизби сиёсӣ меномад.​

XS
SM
MD
LG