Ссылки доступа

Додгоҳи Қазоқистон Аблязовро ғоибона ба ҳабси якумрӣ маҳкум кард


Додгоҳи шаҳри Тарази Қазоқистон имрӯз, мухолиф Мухтор Аблязовро, ки дар хориҷ ба сар мебарад, дар "куштори фармоишӣ"-и молик ва мудири пешини бонки "ТуранАлем" Ержан Татишев айбдор эълом ва ғоибона ба ҳабси якумрӣ маҳкум кард.

Айбдоркунандаи давлатӣ 22 ноябр барои мухолифи ҳукумати президент Нурсултон Назарбоев ҳабси якумрӣ талаб карда буд. Вале вакили дифои ӯ Жанар Кисикова, ки аз тарафи давлат таъйин шудааст, гуфт, барои исботи айбномаи шахси зери ҳимояи ӯ далелҳои кофӣ пешниҳод нашуданд ва бинобар ин, додгоҳ бояд вайро бегуноҳ эълон кунанд.

Аблязов гӯё соли 2004 бо мақсади дубора ба даст гирифтани идораи "БТА бонк" куштори мудири бонк Ержан Татишевро дар ивази 4 миллион доллар ба Муродхон Тоқмадӣ фармоиш додааст.

Татишев моҳи декабри соли 2004 дар вилояти Ҷамбули Қазоқистон кушта шуд ва тафтишот низ он замон ба хулосае омад, ки ӯ ҳангоми шикор дар натиҷаи як ҳолати тасодуфӣ ҷон бохтааст. Вале мақомоти қазоқ баъдан соҳибкор Муродхон Тоқмадиро, ки ҳангоми шикор бо Татишев дар як мошин буд, дар марги ӯ айбдор ва як сол аз озодӣ маҳрум карданд. Соли 2017 ин парванда бозбинӣ шуда, Тоқмадӣ гуфт, Татишевро бо фармони Аблязов ба қатл расонд. Дар натиҷа додгоҳ Тоқмадиро моҳи марти соли равон 10,5 сол зиндонӣ кард.

Додгоҳи Қазоқистон худи Аблязовро моҳи июни соли 2017 ғоибона бар пояи чанд банд, аз ҷумла "ташкили гуруҳи ҷиноӣ" ва "дуздӣ" 20 сол аз озодӣ маҳрум кард. Вале Аблязов дар шабакаҳои иҷтимоӣ борҳо эълом кард, ки парвандаҳо сиёсиянд ва ӯ дар куштори Татишев даст надорад.

XS
SM
MD
LG