Ссылки доступа

Ғарб аз Русия раҳоии маллоҳони Украинаро талаб кард


Кишварҳои Ғарб пас аз он ки Русия киштиҳои Украинаро дар баҳри Сиёҳ, дар соҳилҳои нимҷазираи Қрим тирборон ва 23 маллоҳро боздошт кард, ба ҳимояти Киев бархостанд.

Ғарб дар долонҳои СММ ва баёнияҳое, ки 26 ноябр нашр шуданд, амали Русияро маҳкум карда, онро нақзи ошкорои соҳибихтиёрии Украина ва созишномаҳои байналмилалӣ номид. Ҳамчунин аз Москва талаб шуд, ки фавран маллоҳонро озод кунад.

"ИМА иқдоми таҷовузкоронаи Русияро маҳкум мекунад", - гуфт котиби давлатии Амрико Майк Помпео. Ӯ аз Русия даъват кард, ки киштиҳо ва маллоҳони Украинаро баргардонда, ба соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии ин кишвар эҳтиром гузорад. Ба гуфтаи Помпео, ҳарду ҷониб бояд хештандор бошанд ва масъулиятҳои байналмилалии худро риоя карда, президентҳои Русияву Украина дар ҳалли низоъ бевосита иштирок намоянд.

Намояндаи доимии ИМА дар СММ Никки Ҳейлӣ низ ҳодисаро "нақзи ошкорои соҳибихтиёрии Украина" номид. Ӯ гуфт, кишвараш дар муборизаҳо зидди таҷовузкориҳои Русия аз мардуми Украина ҳимоят хоҳад кард.

Муовини намояндаи доимии Бритониё дар СММ Ҷонатан Аллен гуфт, Русия бо амалҳои ахираш зидди Украина ба Ғарб таҳдид мекунад. "Москва мехоҳад, баҳри Азовро ғасб кунад. Зоҳиран фикр дорад, ки ҷомеаи байналмилалӣ ба ин чашм пӯшида, онро чун як воқеияти нав мепазирад. На, мо инро нахоҳем пазируфт. Набояд ба Русия иҷозат дод, ки таърихро ба воситаи сохтани воқеиятҳои нав бознависӣ кунад", - афзуд ӯ.

Изҳороти намояндагони кишварҳои Ғарб пас аз он нашр шуд, ки порлумони Украина дархости президент Петр Порошенкоро барои эъломи ҳолати низомӣ дар чанд вилоят қабул кард. Ҳолати низомӣ дар вилоятҳои ҳаммарз бо Русия аз 28 ноябр ба муҳлати 30 рӯз ҷорӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG