Ссылки доступа

Кохи сафед: Трамп бо Путин дар Аргентина мулоқот мекунад


Кохи сафед тасдиқ кард, ки президенти ИМА дар ҷараёни саммити "Бистгонаи бузург" дар Аргентина бо ҳамтои русаш Владимир Путин мулоқот хоҳад кард.

Мушовири президенти ИМА дар умури амнияти миллӣ Ҷон Болтон рӯзи сешанбе гуфт, Трампу Путин баҳсеро, ки моҳи июли соли равон дар Ҳелсинкӣ оғоз карда буданд, идома хоҳанд дод. Ба гуфтаи Болтон, Трамп бо ҳамтои русаш "масоили амниятиву минтақавӣ ва назорати таслиҳотӣ"-ро баррасӣ карданист. Ӯ мушахассан аз мушкили Ховари Миёна ва Украина ном бурд.

Болтон дар мавриди он ки Трамп ғасби киштиҳои Украинаро аз сӯи Русия дар тангнои Керч маҳкум хоҳад кард ё не, гуфт, мавқеи Кохи сафедро намояндаи доимии ИМА дар СММ Никки Ҳейлӣ баён кардааст. Ҳейлӣ амалкарди Русияро сахт маҳкум карда буд.

Ба гуфтаи сухангӯи Кохи сафед Сара Сандерс, Трамп тасмим дорад, ба ҷуз аз Путин бо садри аъзами Олмон Ангела Меркелу сарвазири Ҷопон Синдзо Абе мулоқоти дуҷониба анҷом дода, бо президенти Чин Сӣ Ҷинпин ғизои нисфирӯзӣ бихӯрад.

Саммити "Бистгонаи бузург", ки ба он бист кишвари пешрафтаи ҷаҳон шомиланд, аз 30 ноябр то 1 декабр дар Аргентина баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG