Ссылки доступа

Қирғизистон иттилоъ дар бораи боздошти қирғизтаборонро дар Чин меомӯзад


Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон иттилоъ дар бораи боздошти қирғизтаборонро дар Чин меомӯзад. Дар ин бора вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Чингиз Айдарбеков рӯзи 27 ноябр дар ҷаласаи порлумон иттилоъ дод.

Ба гуфтаи вакили порлумон Таабалдӣ Тиллоев, вазири корҳои хориҷии Қирғизистон иттилоъ додааст, ки хабари боздошти қирғизтаборон дар Чин то кунун тасдиқ нашудааст. "Чин - кишвари пӯшида аст. Сарфи назар аз пайванди хешу таборӣ, онҳо шаҳрвандони Чин ҳастанд. Аз ҳамин хотир мо бояд аз эҳтиёт кор гирем, ки ба қирғизтаборон мушкилӣ эҷод нашавад", - гуфт Тиллоев.

Ирина Карамушкина, вакили дигари порлумон мегӯяд, то имрӯз чаҳор шаҳрванди Қирғизистон ба вазорати корҳои хориҷӣ муроҷиат карда, барои пайдо кардани пайвандонашон дар Чин кумак хостаанд.

Кумитаи умури хориҷӣ, мудофиа ва амнияти порлумони Қирғизистон рӯзи 27 ноябр масъалаи боздошти қирғизтаборони вилояти худмухтори Синтсзян-Уйғури Чинро пушти дарҳои баста баррасӣ кард.

Қирғизтабороне, ки аз Чин ба Қирғизистон омадаанд, рӯзи 26 ноябр дар робита ба сарнавишти номаълуми пайвандонашон дар Чин, ба президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков муроҷиат карданд. Онҳо хостанд, барои раҳо шудани пайвандонашон аз "урдугоҳҳои бозтарбия"-и Чин мусоидат карда шавад.

Дар бораи "урдугоҳҳои бозтарбия"-и Чин сар аз моҳи апрели соли 2017 хабар мерасад. Мақомоти Чин аз ин урдугоҳҳо марказҳои таълимӣ ном мебаранд.

XS
SM
MD
LG